Хабарҳо
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29
Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд - 03.08.2020 14:13
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов - 03.08.2020 14:09
Боздиди Раиси вилоят аз хоҷагиҳои деҳқонии “Нури Спитамен” ва “Исломбой саркор” - 03.08.2020 12:07
Дар ноҳияи Спитамен заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешавад - 03.08.2020 12:05
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 12:01

Вовайлогӯиҳои бебунёд ва ё беиқболии Муҳаммадиқбол

( 0 Овоз )

Дар тӯли таърих миллати тоҷик борҳо шоҳиди тохтутоз ва хунхориҳои аҷнабиён гардида, фаротар аз он хиёнату дассисаҳои нафарони дурӯя ва чоплусу худхоҳро дар мағзи устухони худ эҳсос кардааст.

Маҳз ҳамин носипосон, ватанфурӯшони майдонғариб буданд, ки дар баробари қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷоъ лагандбардориву чоплусӣ намуда, марзу буми кишварро барои ҳифзи ҷону моли худ фурӯхтанд. Аҷдодони ин касифон то имрӯз хиёнатро бар ин миллат раво дида, бо баҳонаҳои гуногун, ки ҷавҳараш дассисаву бӯҳтон, нодидагириву бахилӣ аст, раво мебинанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳар қадар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздиктар шавад, хоинони миллат ҳамон қадар “мурдаву зинда” мешаванд. Ин нотавонбинон шодиву нишот, ободии макон, пешрафт ва шукуфоии кишварро дида наметавонанд. Гузашта аз ин, ба ақсои олам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки ин сана аз хотироти таърихии миллат кӯр карда шавад, зеро бандҳои Созишнома аз ҷониби Ҳукумати кунунӣ иҷро нашуд. “Равшандилон ва миллатдӯстон” дар симои Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин сухан аз кадом банди Созишнома мегӯянд, худ намедонанд.  Бале, шумоён дар назар доред, тақсимоти 30 фоизаро. Аммо, касе аз Шумоён иқрор намешаванд, ки кадрҳои интихобкардаатон ба ҷузъ аз қориазёдкардани “Қуръон” дигар дар умури давлатдорӣ ба ягон чиз сарфаҳм нарафтанд. Дар натиҷа давраи роҳбариашон дер напоид, аксарияташон шармандавор маснадҳои худро тарк карданд.

Манзур аз ба ёд овардани ҷашни Ваҳдати миллӣ он аст, ки “қаҳрамони шабакаҳои иҷтимоӣ” хӯҷаини сомонаи ҳангоматалаби “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин бо “ҳамтоёни худ” Сайидюнуси Истаравшанӣ, масъули шабакаи “Кимиёи саодат. ком”, Мирзои Салимпур, масъули саҳифаи “Ахбор.ком” таҳти сарварии Муҳиддин Кабирӣ ба қавле ба сиёҳкунии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа эълон кардаанд. Чунончи, Муҳаммадиқболи Садриддин дастур гирифтааст, ки бештар минтақаи шимоли кишварро  зери тозиёнаи “танқид” қарор диҳад ва ба ҳамин ҳадаф далелу асноди дурӯғро дар мақолаҳои хеш қатор кардааст.

Се матлаби ӯ оид ба Мастчоҳ ва мастчоҳиён бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Маълум, ки барои овардани далелҳои подарҳаво ин “маҳбуби миллат” нафарони иғвоангезу дассисабоз такя мекунад. Ӯ аслан медонад, ки дар шараёни мастчоҳиён хислатҳои мардонагиву тавонмандӣ аз азал ҷой гирифтааст, бо истифода аз эҳсосҳои мардум мехоҳад ҷонибдорони худро зиёду бештар бар зидди давлат равона кунад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки бо иқдоми раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди ин ё он минтақа кулли тантанаҳои ҷашнӣ дар сатҳи баланд доир мегарданд. Ба ёд овардани ҷашнҳои умумиллӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор, Конибодом, Исфара, Панҷакент,  Данғара ва Бохтар бозгӯи гуфтаҳои болоиянд. Ба шарофати ҷашнҳо ин бостоншаҳрҳо ҷавонии дигар ёфтанд. Ин навбат Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки дар ҷашни Ваҳдат шодишарики мардуми Дилварзини  тоҷикон гардад. Аммо ин нотавонбинон ва нотавонмандони миллат дигар мавзӯъ наёфта, хостанд аз пашша фил созанд.

Ин навиштаро рӯи қоғаз оварда, ба хотир сафари чанд сол қабл анҷомдодаи Сарвари давлат дар рӯзҳои наврӯзии Масчоҳиён омад. Дар гӯшаи хотири касе набуд, ки маркази ноҳияи Масчоҳ, ки шаҳраки Бӯстон аст, ба ин қадр зебову қомат афрохтани ҳайкали Имсоили Сомонӣ гулгаштҳои зебои хиёбонҳояш ба шодии мардум сурури бештар зам мекунад. Аз чеҳраҳои шоду чорабинии фарҳангии мардуми адабпарвару шоирхези ноҳия эҳсос мешуд, ки мастчоҳиён ташнаи дидори меҳмонони олиқадр ҳастанд ва ҳар сухану ҳиҷои Пешвои муаззами миллатро бо сидқи дил мепазиранд.

Ин бор низ мардум хоҳони ташрифи Сарвари давлатанд, зеро ба шарофати қадамҳои мубораки Пешвои муаззами миллат руҳияи идонаи мастчоҳиён болидатар магардад. Магар ба истифода додани бинои мӯҳташами Қасри фарҳанг, ки дар минтақа назир надорад, бар манфиати мастчоҳиён нест? Ба фаъолият шурӯъ кардани бинои ду дабистон ва кӯдакистони муосир бо ҳамаи шароитҳояш армуғони идона ба волидон нест? Бунёди чандин иншооти дигар, ки ба рушд ва нумӯи ноҳия ҳамаҷиҳата мусоидат мекунад. Имрӯз сатҳи фаъолияти мактабу маориф дар ноҳия назар ба 10 ва ё 20 соли пешин қиёснопазир аст. Маорифчиёни ноҳия дар олимпиадаву озмунҳои “Муаллими сол” ва “Мураббияи сол”, озмунҳои инноватсионӣ  фаъолона ширкат варзида, дар маҳфилҳои ҳунариву рӯзгордорӣ пешсаф мебошанд. Аммо,ин худобехабарон аз забони худи мастчоҳиён бар зидди мардуми шарафианду бовиқор ва ғаюри ноҳия “сухан” мегӯянд. Саволе бармеояд, ки кӣ ба ин тоифа бешарафон кӣ ҳуқуқу ваколат додааст, ки аз номи мардуми меҳмондӯсти мастчоҳӣ чунин суханҳои подарҳаво гӯяд?

Бешармона мегӯянд, ки мардум аз сиёсати роҳбарияти давлат норизоянд ва намехоҳанд, ки роҳбарияти олии кишварро дар ноҳия пазироӣ намоянд. Баҳона чист? Бемории сироятии коронавирус ва сатҳи пасти иҷтимоиёт магар баҳона шуда метавонад? Бар ин ландаҳурони косалес гуфтанием, ки Худо давлати мастчоҳиёнро зиёда кунад. Ҳар кадоми соҳиби чандин гектар замини саҳмӣ ҳастанду бо самаранок истифода бурдани ҳар  ваҷаб замин, нигоҳубинии чанд сар мол зиндагии осудаҳолона доранд. Онҳо дар ягон давру замон соҳиби чунин имконият набуданд ва ташрифи навбатии Пешвои миллат ин ободиҳоро бо заҳмати садоқатмандонаи мастчоҳиён боз ҳам фузунтар мекунад. Ба ҷои ҳамаи ин вовайлогӯйӣ бояд, ҳар кадоме шукронаи тинҷиву амонӣ кунанд ва барои ободии диёр саҳми худро гузоранд.

Дар мавриди бемории сироятии коронавирус заифнолиҳои муаллифи мақола ҳаргиз ифодагари он руҳи тавонои ниёгони далеру шуҷои мастчоҳӣ нест, ки замоне дашти ташналабро бо белу каланд ба боғу бӯстон  табдил додаанд.  Имрӯз натанҳо беморхонаи ноҳияи Мастчоҳ, балки беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд омодаи қабули беморон аст. Алҳол дар ноҳия теъдоди гирифторони ин беморӣ ангуштшумор аст ва ин теъдод нафарон бо кӯмаки худи пизишкони ноҳия сиҳат мешаванд. Муҳаммадиқболи Садриддин дар паҳни ин иттилоот низ беҳунарии худро нишон дод.

Ба ин тоифа иғвогарону дассисабозон гуфтанием, ки мардум сидқан сиёсати халқпарваронаи Пешвоми муаззами миллатро дастгирӣ мекунанд. Махсусан, дастгириҳои соҳаи маориф аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Ба қадри ин неъмат нарасиданро камоли ношукриву  одамгарӣ қаламдод кардан мумкин аст. Мо бо қатъияти том ба пешрафт ва шукуфоӣ хоҳем расид. Зеро роҳи интихобкардаи мо роҳи саодат ва хирад аст.

Осим Каримзода,

сардори Раёсати маорифи вилоят,

доктори илмҳои таърих, профессор


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вовайлогӯиҳои бебунёд ва ё беиқболии Муҳаммадиқбол