Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Қоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кард

( 1 Овоз )

Қоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кардИмрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони боғчаи президентӣ, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд, шинос шуд.

Раиси вилоят дар ҷараёни боздид аз  корҳои иҷрошуда  дар ин иншоот ҳарчанд аз суръат ва сифати корҳо изҳори қаноатмандӣ намуда бошад ҳам, тақозо намуд, ки сифати корҳои сохтмониро боз ҳам беҳтар намоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин иншоот, ки бо номи боғчаи бачагонаи инноватсионии президентӣ ёд мешавад, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад. Ҳудуди боғчаи мазкур 3 гектарро фаро гирифта, он ба яке аз калонтарин муассисаҳои томактабии вилоят табдил хоҳад ёфт. Айни ҳол ба корҳои сохтмонӣ 400 нафар ҷалб карда шудаанд ва ифтитоҳи он  дар моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа аз 5 бинои дуошёна иборат буда, барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иншоот дидан карда, пешниҳод намуд, ки бо истифода аз технологияҳои пешқадами бинокорӣ ва масолеҳи сабуки сохтмонӣ ошёнаи сеюми ин биноҳо сохта шавад. Ин имконият медиҳад, шумораи кӯдаконе, ки муассиса метавонад қабул намояд, то ба 1000 нафар расонда шавад.

Мувофиқи нақша дар боғча тамоми шароити зарурӣ муҳайё мегарданд. Дар ин ҷо майдончаҳои гуногуни истироҳативу варзишӣ, толорҳои компютерӣ, рақсӣ, утоқҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоти маишии кӯдакон, ошхонаву хонаи тиббии муосир  ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Раиси вилоят ба мақомоти дахлдори вилоятӣ супориш дод, ки барои ишғоли вазифаи роҳбари кӯдакистон миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо озмун эълон карда шавад.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо рафти мумфаршкунии роҳ дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд шинос шуд ва аз ҷараёни сусти корҳо интиқод намуд. Раиси вилоят барои анҷоми босифати корҳо супориш дода, таъкид дошт, ки корҳоро дар мӯҳлатҳои пешбинишуда ба сомон расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Қоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кардҚоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кардҚоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кардҚоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кард

Қоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кард
Қоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кард

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Қоҳир Расулзода: сифати корҳои сохтмониро бояд боз ҳам беҳтар кард