Хабарҳо
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07
Хуҷанд: Нони бепул дар ярмарка ташкил карда шуд - 17.04.2021 14:34
Раиси вилоят ба аёдати Эргашой Умароваи 100 сола рафт - 16.04.2021 12:00
Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен - 16.04.2021 11:41

Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат» ба вилояти Суғд расиданд

( 1 Овоз )

Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат»  ба  вилояти Суғд расидандАвтомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат» 130 нафар ҷавононро аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам овард, ки онҳо тариқи шабакаи иҷтимоии Facebook интихоб карда шудаанд.

Ин автомарафон аз шаҳри Душанбе то маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, ҷавонон имкон ёфтанд, ки аз як минтақаи тараққикардаи кишвар дидан карда, бо ҳамсолони суғдии худ дустию рафоқат барқарор намоянд.

Ин чорабинӣ тибқи иттилои масъулин, бори нахуст баргузор гардида, дар он наздик 130 нафар ҷавонони касбу кори гуногун аз тамоми минтақаҳои кишвар бо 30 адад мошини шахсӣ иштирок намуданд.

Ташаббускорони автомарафон Кумитаи марказии Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон-«Созандагони Ватан», ҳафтаномаи «Вечёрка» ва Маркази фарҳангии «Аржанг» буда, ин иқдом ба ифтихори 16-умин солгарди ҷашни Ваҳдат сурат гирифт ва ҳамаи иштирокдорон аз истифодабарандагони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет мебошанд.

Шоми 29-уми июн дар истироҳатгоҳи «20-солагиии истиқлолияти Тоҷикистон» вохурии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо ҷавонон-иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат» сурат гирифт. Иштирокчиёни автомарафонро Раиси вилоят ба сарзамини меҳмоннавози Суғд хайрамақдам гуфт ва иқдоми мазкурро, ки ташаббускорони асосии он ҷавонон мебошанд, нек арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон Қоҳир Расулзода бо меҳмонон сӯҳбат намуда, ба онҳо аз пешравиҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят маълумот дод. Сипас барои иштирокчиёни автомарафон барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

Санаи 30 июн бошад маҳфили баҳсу мунозира сурат гирифт ва ҷавонон пас аз тамошои Хуҷандшаҳр ба Душанбе баргаштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат»  ба  вилояти Суғд расиданд Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат»  ба  вилояти Суғд расиданд

 

 

 



Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат»  ба  вилояти Суғд расиданд
Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат»  ба  вилояти Суғд расиданд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Иштирокчиёни автомарафони «Шоҳроҳи Ваҳдат» ба вилояти Суғд расиданд