Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самтҳо муайянгардида баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои кооператсияи саноатӣ ва таъсиси паркҳои индустриалӣ ба нафъи ду кишвар маънидод шуд.

Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша сурат гирифт.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР

Ҳисобот оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети вилояти Суғд дар соли 2025

Мутобиқи маълумоти омори давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2025 нишондиҳандаи кўтоҳмуҳлати рушди вилоят (НКРМ) ба 49107,2 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,3 дарсад баробар гардида, ҳиссаи он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар 27,8 дарсадро ташкил додааст. Рушди нишондиҳандаи мазкур дар соли ҳисоботӣ асосан...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Дар нуҳ моҳи соли 2025 кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта...