Хабарҳо
Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ РТ сообщает - 04.06.2021 16:13
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 04.06.2021 15:16
Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматарсонии «Индиго Тоҷикистон» - 02.06.2021 14:53
Ҳуҷҷатҳои нобудшудаи сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониён барқарор ва ба соҳибонашон супорида шуд - 02.06.2021 13:29
Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз шуд - 02.06.2021 11:48
Бори нахуст Фестивал – аксияи “Театр барои кӯдакон” ташкил гардид - 02.06.2021 11:43
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон - 02.06.2021 09:15
Хуҷанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати кӯдакони бемор рафт - 01.06.2021 14:28
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон - 01.06.2021 13:51
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода кӯдакону наврасонро аёдат кард - 01.06.2021 13:40

Шиносоӣ бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шинос гардид.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон Раиси вилоят аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кард, ки имрӯзҳо ҷавонони бо нангу ори Ватан ба ҳимояи марзу буми кишвар омода ҳастанд.

Дар дастаи таъиноти махсус низ ҷавонони худогоҳу ватандӯст адои хизмат менамоянд ва мардум дар симои онҳо ҳимоятгарони ҷасуру диловарро мебинад.

Афсарону сарбозони даста софдилона барои халқу давлат хизмат намуда истодаанд. Барои ҳайати даста бошад аз тарафи Ҳукумати мамлакат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Аснои боздид таъкид карда шуд, ки минбаъд низ шароити корӣ ва буду боши афсарону сарбозон беҳтар карда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо шароити буду боши дастаи таъиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд