Хабарҳо
Хуҷанд: Беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ороишӣ дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон" шинонида шуданд - 24.01.2021 12:35
Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 22.01.2021 16:24
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 13:50
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - 22.01.2021 12:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.01.2021 12:47
"Худомӯзи саводи расонаӣ" — шакли электронии ин китоби омӯзишӣ дастраси хонандагон гардид - 22.01.2021 12:38
Шиносоӣ бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии “Шаҳристон” - 20.01.2021 13:14
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ” - 21.01.2021 16:23
Дар Истаравшан майдони муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мешавад - 20.01.2021 10:43
Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев - 21.01.2021 15:52

Дар шаҳри Истравшан ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Истравшан ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ Раиси шаҳри Истаравшан, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ,  раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар шаҳри Истаравшан вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID - 19 дар шаҳри Истаравшан дар ҳолати коҳишёбӣ арзёби карда шуд.  Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои  пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодаги барои коркарди меваи зардолу мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар шаҳри Истравшан ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт