Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 Хабарҳо   Паёмҳо  Фармонҳо

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бинои маркази саломатӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо таъсис ёфтани маркази саломатӣ 40 нафар мутахассиси соҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар муассисаи нави тиббӣ аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёшуда кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ содиқонаю софдилона фаъолият намоянд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои маркази саломатӣ нуқтаи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои осебшиносӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳӣ, хатна, табобати дандон, духтури занона ва ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ҷойгир шудааст.

Дар таҳхонаи бино бошад, толори маҷлис бо 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи физиотерапевтӣ бо ду кати хоб мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгении рақамӣ, ултрасадо ва сабти барқии дил ва озмоишгоҳ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба иттилои масъулон то ин дам дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов дастгоҳи рентгении рақамӣ мавҷуд набуд ва сокинон барои тахшиси рентгенӣ ва осебшиносӣ ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мерафтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ дар баробари истифодаи усулҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ ба бахши гиёҳдармонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар раванди табобати беморон аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бештар истифода баранд.

САНОАТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

БЕШТАР
Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот — иқдоми нав дар шаҳри Панҷакент

Парвариши моҳӣ ва мурғобӣ дар шароити деҳот — иқдоми нав дар шаҳри Панҷакент

Дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент нахустин фермаи парвариши мурғобӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Ин иқдом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мурод Ҳасанов бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои масъулин дар марҳилаи аввал 700...

Кишоварзӣ

БЕШТАР
СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

СУҒД. Ба маблағи 18 миллиарду 834 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд

Дар нуҳ моҳи соли 2025 кишоварзони вилояти Суғд ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 18 миллиарду 834 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд ва суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта...