Таҷлили 100 - солагии Абдулаҳад Қаҳҳоров дар Хуҷанд

( 0 Овоз )
Таҷлили сад солагии Абдулаҳад Қаҳҳоров дар Хуҷанд
Таҷлили сад солагии Абдулаҳад Қаҳҳоров дар Хуҷанд
Таҷлили сад солагии Абдулаҳад Қаҳҳоров дар Хуҷанд
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 100-солагии зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров таҷлил карда шуд.

Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Суғд зимни суханронии хеш бахшида ба садсолагии ходими намоёни ҳизбию давлатӣ, сиёсатмадор, шоир ва олим Абдулаҳад Қаҳҳоров таъкид дошт, ки бузургдошти абармардони миллат барои боло бурдани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ нақши назаррас дорад.

Абдулаҳад Қаҳхоров дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хусусан дар бунёди корхонаҳои саноатӣ, сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак, обанбори Қайроққум, нерӯгоҳи Бойғозӣ ва иншооти дигар, инкишофи илму фарҳанг, бузургдошти донишмандони маъруфи гузаштаву муосири халқи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст – зикр намуд, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода.

Ҳамчунин дар таҷлили садсолагии Абдулаҳад Қаҳҳоров фарзандону пайвандон ва шогирдону ҳамкорони марҳум иштирок намуда, хотираҳои марбути хешро бо Абдулаҳад Қаҳҳоров ёдовар шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади қадршиносӣ аз хизматҳои шоён, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода тавсия дод, ки кӯчаи Иля Репини шаҳри Хуҷанд ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров номгузорӣ карда шавад.

Абдулаҳад Қаҳҳоров дар таърихи 17-уми апрели соли 1913 дар маҳаллаи Арабхонаи шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Мавсуф  тӯли солҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст.

Хизматҳои арзандаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо унвони Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, се ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Ҷанги Ватанӣ(дараҷаҳои 1 ва 2) ва медалу ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: АСОСӢ