Панҷакент: Сокинон дар ободонии роҳҳо саҳм мегузоранд

( 1 Овоз )
Панҷакент: Сокинон дар ободонии роҳҳо саҳм мегузоранд

Дар доираи тадбирҳои ободонии «Соли 2015-идомаи соли роҳҳои обод» дар Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент роҳҳои мошингард таъмир карда шуданд.

Бо иқдоми вакили маҷлиси вилоятӣ Раҳмонқул Каримов роҳи мошингард аз деҳаи Падруд то кўли Ҳазорчашма, ки 7 километрро ташкил медиҳад, таъмир гардида, аз ҷумла ба масофаи 100 метр роҳи нав сохта шуд. Бо сарпарастии вакили маҷлиси шаҳрӣ Саъдулло Иноятов ва ташаббуси вакили ҷамоат Шоҳназар Сангинов пули байни маркази ҷамоат ва деҳаи Ғиҷдарва бозсозӣ гардид.

Дар шағалпўш кардани 4 километр ва таъмир намудани 6 километр роҳи мошингарди Дуоба-Шинг менеҷери кони Таррори мансуб ба ҶДММ КМ «Зарафшон» Муиниддин Содиқов ва ронанда Ғиёсиддин Муҳиддинов саҳми арзанда гузоштанд. Шағалкашониро бо мошинҳояшон Шомурод Норов, Аслиддин Муҳиддинов, Алимардон Қулов, Давлатмурод ва Пайрав Саидалиевҳо анҷом доданд. Бо ташаббуси сокини деҳаи Рашнаи Поён Абдуқодир Холиқов 6 километр роҳи байни деҳаи Шинг аз таъмир бароварда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: АСОСӢ