Чкалов: Ҷалби беш аз 350 наврас ба касбомӯзӣ

( 1 Овоз )
Чкалов: Ҷалби беш аз 350 наврас ба касбомӯзӣ

Нимаи дуюми имрӯз, 13 март дар бинои шуъбаи маорифи шаҳри Чкалов маҳсули эҷоди муҳассилини Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр ба маъраз гузошта шуд.

Дар ин бора сарвари марказ Хосият Бобоева иттилоъ дод.

Ба гуфти Х. Бобоева айни замон дар ин марказ беш аз 350 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ  ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо 12 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Дар ин марказ маҳфилҳои “Рассомӣ”, ”Дӯзандагӣ”, ”Забони русӣ”, “Навозандагӣ” ”Мухбирони ҷавон”, ”Рӯзғордорӣ” ва ба монанди ин чандин маҳфилҳои дигар амал менамоянд. Дар самти дӯзандагӣ 15 нафар хонанадгони макотиби миёна бо таҷҳизоти дӯзандагӣ таъмин буда, ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки дар қаламрави шаҳри Чкалов айни замон 2 гимназия, 1 литсей ва 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ мавҷуд мебошад.

Дар шаҳр инчунин Мактаби Президентӣ барои хонандагони лаёқатманд бо фарогирии 830 нафар ва мактаб-интернати махсусгардонидашудаи вилоятӣ бо фарогирии 136 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: АСОСӢ