Баргузории ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ

( 1 Овоз )

Баргузории ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣРӯзи шанбеи 5 октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар оғози баргузории ин чорабинӣ, ки ба Рӯзи кишоварзон, Иди забон ва Рӯзи омӯзгорон бахшида шуда буд, сокинони вилоятро  аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муовини Раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов табрик гуфт.

Дар ин рӯз чунин ярмаркаҳо ҳамчунин дар маҳаллаҳои 12 ва 20-уми  шаҳри  Хуҷанд,  шаҳрҳои  саноатии  Чкалов,  Истиқлол  ва  Қайроққум низ гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» 262,8 тонна, маҳаллаҳои 20 ва 12-ум беш аз 130 тонна, шаҳри Чкалов 43,5 тонна, Истиқлол 30 ва Қайроққум 27 тонна маҳсулоти гуногун нисбат ба нархи миёнаи бозорҳои шаҳри Хуҷанд аз 20 то 30 фоиз арзон пешкаши аҳолӣ гардонида шуд. Аз ҷумла, як килограмм гӯшти гӯсфанд 28 сомонӣ, гӯшти гов 25 сомонӣ, биринҷ 4 - 4,5 сомонӣ, картошка 1,3 - 1,6 сомонӣ, пиёз 0,5 сомонӣ, сабзӣ 0,7-1,2 сомонӣ, помидор 1,5 - 2 сомонӣ  ва ангур 2-3 сомонӣ нархгузорӣ шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  аз тарафи КВД "Захираҳои моддии вилояти Суғд" 11 тонна орд, 1,3 тонна шакар, 8,5 тонна сабус ва аз ҷониби Иттифоқи матлуботи вилоят ва бозорҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 68,7 тонна маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣБаргузории ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: АСОСӢ