Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба тасвиб расид

Аз 17 августи соли 2019 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ ба тасвиб расид.

Мутобиқи он ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад.

Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки баргузории чорабиниҳоро вобаста ба идҳои мазкур дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Share