Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чин

16 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чинро бо роҳбарии Дан Жан ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат оид ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят ва ислоҳоту навовариҳои соҳа ба меҳмонон маълумот дода, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тиб ва муҷаҳҳазсозии беморхонаҳо бо таҷҳизоти навтарини тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Зикр карда шуд, ки баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд барои беҳтаршавии вазъи хизматрасониҳои тиббӣ танҳо дар шаш моҳи соли равон азнавсозӣ ва таъмиру тармими 13 беморхона, 4 бунгоҳи саломатӣ, 12 маркази саломатӣ, 9 таваллудхона ва 23 дорухона ба итмом расонида шуда, дар даҳҳо иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

Аз ҷониби меҳмонон иттилоъ дода шуд, ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation” соли 1998 дар Шеняни Чин таъсис дода шуда, имрӯзҳо дар як қатор кишварҳои олам намояндагиҳои худро дорад.

Ширкат ба истеҳсоли таҷҳизоти муосири томографияи магнитию резонансӣ (МРТ), томмографияи компютерӣ (КТ), момографии рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии майнаи сар (ЭЭГ), ташхиси ултрасадо (УЗИ) машғул аст.

Иттилоъ дода шуд, ки ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation” дар асоси лоиҳа шуъбаҳои ташхисии 10 шаҳру ноҳияи вилоятро бо таҷҳизоти навтарин таъмин хоҳад кард. Инчунин ширкат метавонад барои бозомӯзии кормандони соҳаи тиб мусоидат намояд.

Дар анҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки бо баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ корҳо дар самти муҷаҳҳазгардонии шуъбаҳои ташхисӣ бо таҷҳизоти тиббӣ тақвият дода мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share