Хабарҳо
Вусъати бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар шаҳри Панҷакент - 12.12.2018 10:39
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ кӯмакҳои молиявӣ тақдим кард - 12.12.2018 10:37
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат»-ро дастраси хонандагон намуд - 12.12.2018 10:35
Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологиии шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 таҷҳизоти муҳими озмоишӣ шуд - 12.12.2018 10:34
Мулоқоти масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷират бо сокинони шаҳри Гулистон - 12.12.2018 10:32
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42

Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб

( 0 Овоз )

Иди касбии шифобахшону ҳомиёни саломатии инсон - Рӯзи кормандони тибро ба кулли табибону ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа ва ҳамдиёрони азиз таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, барори кору саодати рӯзгорашонро таманно менамоям.

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо давра ба давра амалӣ шуда истодаанд, баёнгари ҳусну таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошанд.

Табибони вилоят иди касбии хешро дар арафаи ҷашни бузурги миллат - 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунанд ва барои бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳо бо ҷидду ҷаҳди бештар меҳнат карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бо дастони мӯъҷизакор, хиради синоӣ ва суханони нек ба ҳифзи саломатии мардум мусоидат намуда, онҳоро умри дубора мебахшанд.

Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мавқею мақоми шоиста дошта, аҷдодони донишманди мардумӣ давоми солҳову қарнҳо дар ғанӣ гардонидани ганҷинаи бесобиқаи тибби ҷаҳонӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд. Боиси ифтихору сарбаландист, ки асарҳои безаволи донишварони тоҷик Закариёи Розиву Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар дар қатори осори пурғановати олами тибби ҷаҳон мавқеъ гирифтаанд.

Шоистаи зикр аст, ки табибони вилоят, дар қатори духтурону олимони машҳури дунё, бо фаъолияти пурмаҳсулашон собит мекунанд, ки ворисони арзанда ва ҳақиқии гузаштагон мебошанд. Алҳол дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят 5025 нафар табибон фаъолият доранд ва аз ҷумлаи онҳо 80 нафарашон соҳиби унвонҳои илмии доктор ва номзади илмҳои тиб ҳастанд. Илова бар ин, 16659 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6359 нафар кормандони хурди тиб ёварони ҳақиқии табибон маҳсуб ёфта, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд ва ба эҳтирому боварии мардум сазовор гардидаанд.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, омодагиҳо вусъати тоза гирифтаанд. Дар назар аст, ки ба ин муносибат дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир, азнавсозӣ ва созмон додани ҳуҷраҳои таваллуд ва хатнаи кӯдакон, дар маҷмуъ 267 иншоот ба анҷом расонида мешавад.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки табибони вилоят минбаъд ҳам дастовардҳояшонро афзун мекунанд, роҳу усулҳои наву замонавии табобатро ҷорӣ менамоянд, баҳри ҳифзи саломатии мардум меҳнати шоиста мекунанд.

Ворисони Сино - табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои тиб, собиқадорони соҳа ва кулли мардуми шарифи вилоятро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табрику таҳният гуфта, сиҳатии комил, комёбиҳои беназир, саодати рӯзгорро таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб