Хабарҳо
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42
Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 25.06.2019 13:45
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2019 15:17
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш - 25.06.2019 15:26

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ

( 0 Овоз )

Ҳамасола санаи 25 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ таҷлил карда мешавад, ки ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод менамоям.

Соҳаи нақлиёт қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, дар рушди тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар нақши ҳалкунанда мебозад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақли бору мусофирон ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ дар маҷмӯи бору мусофиркашонӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт, дар ҳаҷми кашонидани борҳо зиёда аз 86 дарсад ва дар мусофиркашонӣ зиёда аз 99 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯй гардонидани инфрасохтори нақлиёт, аз ҷумла роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои он ҳамчун омили пешгирии садамаҳои нақлиёт ва пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Дар солҳои Истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, беш аз 2000 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, чун истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз чоряк асри даврони истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт низ рушд ёфт.

Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи Наврӯзи имсола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадии байни ду кишвари ба ҳам дӯст кушода шуда, хатсайри байни Хуҷанд ва Тошканд ифтитоҳ ва муносибатҳои дуҷониба аз нав барқарор гардид.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ марҳалаи аввали таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Исфара ба масофаи 67,7 километр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар ва таъмини бехатарии ҳаракат такони нав бахшид.

Итминони комил дорем, ки кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд.

Дар охир, кулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳамаи онҳое, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ