Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия

( 0 Овоз )

Кулли матлуботчиёни вилоятро бо Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия табрик ва муборакбод намуда, барояшон саломатию хонаободӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям.

Кооператсияи матлуботи вилоят дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун ташкилоти ғайридавлатии ҷамъиятию хоҷагӣ роҳи тӯлониву душвор,  вале пуршарафро сарбаландона тай намудааст

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷкистон» барои мустаҳкам гардидани мавқеи ҳуқуқии кооператсияи матлубот мусоидат намуд. Мақоми он дар амалӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумат шоиста ва назаррас буда, барои ноил гаштан ба самараи баланди иқтисодиву иҷтимоӣ равона карда шуда, тадриҷан мустаҳкам гашт ва имкониятҳои пешрафти он дар оғози асри XXI боз ҳам рушд ёфта истодааст. Соҳаи кооператсия дар вилоят солҳои охир рӯ ба инкишоф овардааст.

Матлуботчиёни вилоят соли равон баҳри беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ аз сарчашмаҳои гуногун ба маблағи 28,2 миллион сомонӣ молу маводи ниёзи аввал ворид намуданд, ки он баҳри фаровонии бозорҳо ва ба танзим даровардани нарху навои маҳсулот мусоидат намуд.

Шомил гардидан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ба кишвари соҳибистиқлоли мо имконият фароҳам овард, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ба низоми тиҷорати глобалӣ дилпурона ворид гардем ва баҳри ҷавобгӯ намудани маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам кӯшиш намоем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят боварии комил дорад, ки кормандони соҳа барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои нек пайваста ҷидду ҷаҳд намуда, тамоми донишу малакаи худро равона менамоянд.

Иди касбӣ, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия