Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Бо шукргузорӣ аз Ватани обод ва сарзамини орому осоишта фарорасии ҷашни фархундаи миллат – Рӯзи Ваҳдати миллиро ба ҳамаи ҳамватанон самимона таҳният гуфта, саодати рӯзгор, сарбаландӣ, комгориву тавфиқ ва хушиҳои зиндагиро таманно мекунам.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, саҳифаи наверо дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик боз намуд.

Мардуми шарифу сарбаланди кишвар тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Маҳз, майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва ваҳдати мардуми бонангу номуси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳи душвори расидан ба Ваҳдати миллӣ таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».

Имрӯз рушди босуботи иқтисоди миллӣ имконият фароҳам оварда истодааст, ки барои мардум шароити зиндагии шоиста муҳайё гардад. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, мардуми вилоят барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи фархунда софдилона меҳнат намуда истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, китобхона, роҳу кӯчаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатиро бо тарзу намудҳои замонавӣ бунёд карда, мактабу кӯдакистонҳои садамавиро бартараф ва навсозӣ намояд.

Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри амалӣ гардидани аҳдофи созандаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири шукуфоии Ватани азизамон саъйу талош меварзанд.

Бо ҳамин таманниёти нек, бори дигар кулли сокинони вилоятро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманно мекунам, ки дар кишвари биҳиштосоямон ливои сулҳу ваҳдат, якдиливу якпорчагӣ доимо парафшон, сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагӣ дар хонадони ҳар як сокини кишвар ҷовидон бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ