Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди Рамазон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр, ки баёнгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат мебошад, табрику муборакбод намуда, саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагӣ таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли равон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон доир гардид, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи шариф барҳақ таъкид намудаанд:

«Моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад. Маҳз бо ҳамин сабаб ин моҳи муборак, ки асоси ҳикмати маънавии онро ғолибияти ақл бар нафс ташкил медиҳад, савобу подоши бузург дорад».

Воқеан ҳам, дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо рондани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Офаридгор талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ризоият ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд.

Имрӯз ҳуқуқ ва арзишҳои олии эътиқодии шаҳрвандони мусулмони кишвар таҳти ҳимояи ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди устувори давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани зиндагии босаодати ҳар хонадони Тоҷикистон аз муҳимтарин ҳадафҳои давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки муҳимтарин ҷанбаҳои созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини Исломро дар робита ба дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону камбизоатон ва маъюбону муҳтоҷон тавсеа бахшида, барои амалӣ гардидани яке аз рукнҳои моҳи мубораки Рамазон – додани садақаи фитр тадбирҳои муҳим андешем. Дар ин росто, кормандони мақомоти давлатии маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, деҳаҳо, имомхатибони масҷидҳо, соҳибкорон, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар шахсони хайрхоҳу дорои имконият вазифадоранд, ки барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рӯзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо садақаи фитрро харҷ намоянд.

Мо аз он ифтихор дорем, ки имрӯз маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси боҳиммат нисбати дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, инчунин таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабу боғча, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани қубурҳои обгузар, таъмиру тармими пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ бештар ва ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст. Ин ташаббусҳои инсондӯстона ва иқдомҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон бешубҳа барои ободии Ватани азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Шоистаи таъкид аст, ки анҷом додани амалҳои неку савоб набояд танҳо дар доираи моҳи шарифи Рамазон маҳдуд карда шавад, балки ҳамчун як рукни муҳим ва доимии фаъолияти созандагии мардуми бофарҳангу соҳибтамаддуни мо минбаъд низ идома бахшида шавад.

Имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, мардуми вилоят барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи фархунда софдилона меҳнат намуда истодаанд. Ба ин муносибат, дар вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, тибқи он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки дар давоми се сол дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабу кӯдакистонҳои садамавӣ пурра бартараф гардида, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангию фароғатиро бо тарзу намудҳои замонавӣ бунёд намояд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарафманди вилоят бо рӯҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ ҷиҳати густариши корҳои ободонию созандагӣ ва дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Зеро, чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр низ як навъ ибодат буда, аҷру савоби он аз дигар рукнҳои Ислом кам нест.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯҳу илҳоми тоза гирифта, сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузург, бахусус таълимоти пири мазҳаби мо Имоми Аъзамро, ки барои рушди маънавии мардум саҳми беназир гузоштааст, ҳамеша дар ёд нигоҳ медорад. Барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободӣ, оромиву осудагии Ватани азизамон, дастгирии шахсони ниёзманд, ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ надошта, барои осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд. Зеро, Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфии таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад.

Бори дигар, тамоми мардуми вилоятамонро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди муттаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва дар рушди устувори Ватани азизамон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди Рамазон