Хабарҳо
Бинои маъмурии шуъбаи минтақавии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд - 20.10.2018 14:41
Қадршиносии ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ - 20.10.2018 11:37
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 19.10.2018 21:30
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.10.2018 15:28
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба истиқболи Рўзи кимиёгарон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони азиз,

Ҳамасола рўзи  якшанбеи охири моҳи май кормандони соҳаи кимиё иди касбии худро таҷлил менамоянд. Боиси хурсандист, ки  ин санаи муҳимро  кимёгарони вилоят бо натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Соли равон иди касбии кормандони  соҳаи кимиё дар рўзҳое таҷлил мегардад, ки омодагӣ  ба ҷашни фархунда - Рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вусъат гирифтааст. Ҳамчунин кимёгарон барои бо армуғонҳои баланди меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷидду ҷаҳди беш фаъолият мебаранд ва нишондиҳандаҳояшонро афзун мегардонанд.            
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кимиёро дар қатори соҳаҳои муҳимтарини  хоҷагии халқи мамлакат ҳисобида, ҳамзамон  нақши онро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар алоҳида зикр намудаанд.    Дар замони муосир мо  наметавонем,  рўзгору ҳаётамонро бе дастовардҳои илму техника, хусусан бе илми кимиё тасаввур намоем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кормандони  соҳа иди касбиашонро бо ворид кардани технологияҳои муосир ва таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ таҷлил мекунанд, ки ин ҷонибдорӣ ва амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.

Кимиё дар иқтисодиёти вилоят нақши асосӣ бозида,  истеҳсоли   маҳсулоти кимиёвӣ  торафт меафзояд ва  ва олимону мутахассисони варзидаи соҳа аз имконияту захираҳои мавҷудаи дохилӣ ҳаматарафа истифода бурда, ба фаъолияти муназзами корхонаҳои соҳа дар шароити мусоиди рушди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои мусоид мегузоранд. Ба шарофати дастгирии давлатӣ иқтидорҳои қаблии корхонаҳои коркарди метал, сурмаю руҳ, ранг ва шишаи моеъ, пленкаҳои полиэтиленӣ, нуриҳои минералӣ, қубурҳои пластикӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда, фаъолияти корхонаҳои соҳа ба талаботи имрўза мутобиқ гардонида мешавад.

Боварии комил дорам, кимиёгарони вилоят минбаъд низ рушди соҳаро таъмин ва баҳри ободии Ватан ва рўзгори хурраму шоистаи сокинони мамлакати соҳибистиқлол  хизмати софдилона менамоянд.

Кулли кимиёгарони вилоятро бо иди касбиашон, ки баҳри рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд, муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Иди касбӣ муборак, дўстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд ба истиқболи Рўзи кимиёгарон