Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони саодатманди вилоят табрику таҳният гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек муваффақиятҳои шоистаро таманно дорам.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиби ҷавонон ва қобилияти баланди зеҳниву ҷисмонии онҳо эътимоди комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллатро самти меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ вобаста ба иштироки ҷавонон дар маъракаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва ҳиссаи сазовор гузоштани онҳо дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва ҳифзи дастовардҳои кишвар ишора намуда, аз ҷумла бамаврид қайд карданд:

«Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд».

Шоистаи таъкид аст, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, ҷиҳати рушди иҷтимоии ҷавонон, фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти ҷомеа, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию ифтихори миллии ҷавонон пайваста тадбирҳои ҳадафманд амалӣ карда мешаванд.

Дар ин радиф, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҳамасола бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони боистеъдод барои донишҷӯён, магистрантон, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва варзишгарон стипендияи Раиси вилоятро муқаррар намуда, барои ба ҷавонон фароҳам овардани шароитҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Боиси қаноатмандист, ки ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳо ҷавонони шарафманди мамлакат бо дарки масъулияти бузурги хеш сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Сарвари маҳбуби давлатамонро ҷонибдорӣ намуда, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар фаъолона ширкат менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон ба нерӯи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. Боварии комил дорам, ки ҷавонони вилоят ҳамчун фарзандони асили Ватан барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ барои ҳар як фард нигаронида шудааст, саҳми босазои хешро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар кулли ҷавонони содиқи Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, барояшон бахту иқбол, муваффақияту пирӯзӣ ва дар таҳсилу фаъолияти оянда дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон