Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти андоз

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар даврони Истиқлолият таъсисёбӣ ва ташаккули низоми муосири андози ҷумҳурӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, таҳти роҳнамоии ў ин соҳа рушду инкишоф ёфта, фаъолияти босамари худро амалӣ менамояд.

Дар ибтидо низоми миллӣ ва тозабунёди мақомоти андози ҷумҳурӣ соли 1990 дар заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилии собиқ Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис гардида, соли 1992 зери тобеъияти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар раванди ислоҳоти минбаъдаи сохтори давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми майи соли 1995, №221 ҳамчун Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои мақомоти андоз» қадами устуворе дар такмили фаъолияти мақомоти андоз буда, бо он системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нисбатан мукаммал дароварда шуд.

Зиёдшавии ҳаҷми воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ сарчашмаи асосии пешравии соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, баланд шудани сатҳи зиндагонӣ ва некўаҳволии мардуми вилоят аст. Дар ин раванд, агар ба иҷроиши нақша, ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ назар афканем, дар соли 1995-ум воридоти андозҳо дар вилояти Суғд дар маҷмўъ 1,2 млн. сомонӣ бошад, он дар соли 2017 ба 2 млрд. 290,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамон давра бештар 1900 маротиба зиёд аст.

Дар ин музаффарият ва кори некў заҳмату талошҳои ҳамарўзаи кормандони мақомоти андози вилоят ва дастгирии бевоситаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назаррас арзёбӣ мегардад.

Боиси тазаккур аст, ки кормандони мақомоти андози вилояти Суғд дар рўзи таҷлили иди касбӣ саъю кўшиш намуда, нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро дар чор моҳи соли 2018 барзиёд иҷро карданд ва ин дастовези арзанда ба ҷашн мебошад.

Бо итминони комил Рўзи кормандони мақомоти андозро ба кормандону алоқамандони соҳа ва кулли андозсупорандагон бори дигар муборакбод гуфта, таманно дорам, ки ҳамеша тансиҳату сарбаланд ва комёбу зафарманд бошанд.

Иди касбӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти андоз