Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд - 28.05.2020 19:10
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» дар ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:06
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:03
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон - 28.05.2020 11:00
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Зафаробод - 28.05.2020 16:28
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15

Паёми табрикотии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён

( 0 Овоз )

Ҳар сол санаи 8 апрел дар кишвар Рӯзи иқтисодчиён мутантан таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод, барҳақ, зикр намудаанд: «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди соҳаи иқтисодро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ карда, барои таъмини рушди иқтисодӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, дар асоси ҳадаф ва афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар – Стратегияи миллии рушд – 2030,  Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020, Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2016 - 2020- ро қабул карда, дар амалӣ шудани онҳо, ҳамчунин ҷиҳати таъмини ҳадафҳои стратегӣ, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди бахши хусусӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳо меандешад.

Иқтисодчиёни вилоят дар таъмини ҳадафҳои асосии фаъолият таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, эҳё ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, бунёду таъмири роҳҳо, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, иҷрои буҷети давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ширкати фаъолона дошта, вазифаашонро бо дарки масъулият иҷро мекунанд, барои ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ноил шудан саъю кӯшиш менамоянд. Мусаллам аст, ки таъмини ин ҳадафҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии сокинони вилоят заминаи мусоидат фароҳам меорад.

Маҳз баракати сулҳу суботи комл, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо намуд ва рушди устувори соҳаҳои мухталиф таъмин мегарданд.

Рӯзи иқтисодчиёнро ба тамоми кормандони соҳа табрику таҳният гуфта, дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди фаъолият барору кушоиш таманно мекунам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикотии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён