Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ - 19.10.2018 13:40
«Рушди соҳибкорӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» - конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ - 19.10.2018 12:44
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ /АКСҲО/ - 19.10.2018 13:01
Деваштич: Диёр обод, зиндагӣ хуррам.... - 19.10.2018 09:40
214 нафар хонандагони мактабҳои вилояти Суғд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд - 19.10.2018 09:38
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид - 19.10.2018 09:37
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилояти Суғд дар нуҳ моҳ 12 млрд. 766,2 млн. сомониро ташкил кард - 19.10.2018 09:35
Таджикистан за межгосударственные отношения и против поддержки терроризма - 18.10.2018 15:34
Дар Панҷакент таҳти унвони “Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронс доир хоҳад шуд - 18.10.2018 13:27
Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мешавад - 18.10.2018 09:54

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор

( 0 Овоз )

Муҳтарам аҳли зиё!

Фарорасии Рӯзи зиёиёни эҷодкорро ба ҳамаи Шумо ва мардуми сарбаланди вилоят самимона таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, фароғати хотир ва дар ҷодаи рушду густариши илму маърифат муваффақиятҳои тозаи эҷодӣ таманно дорам.

Боиси таъкид аст, ки пешрафти илму маориф ба аҳли зиё сахт алоқаманд буда, дар айни замон ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мавқеъ, нуфуз ва рисолати зиёиён барҳақ таъкид намудаанд: “Сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад”.

Хеле рамзист, ки Рӯзи зиёиёни эҷодкор дар арафаи ҷашни мубораки миллиамон  - Наврӯзи оламафрӯз таҷлил мегардад, зеро ғояву арзишҳои ҷовидонаи ин санаи фархунда тавассути осори арзишманди гузаштагони пурифтихорамон то замони мо расида, дар таҳкими пояҳои фарҳангии ҷомеа хизмат менамояд.

Аз ин лиҳоз, Шумо зиёиён бо нерӯи зеҳнӣ ва ақлонии худ бояд дар устувор намудани суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзу нигаҳдории мероси фарҳангии халқи куҳанбунёдамон, эҳё ва таҳким бахшидани асолати миллӣ, рукнҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла забон ва фарҳанг, расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ, дар тарбияи маънавӣ, камолоти ахлоқӣ ва инсонии мардум ва дар маҷмӯъ, дар инъикоси бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон – Тоҷикистон нақши муҳим гузоред.

Бо чунин ниятҳои нек Рӯзи зиёиёни эҷодкор ва ҳамзамон Иди Наврӯзи байналмилалиро ба Шумо самимона таҳният гуфта, хушбахтии оилавӣ, хотири ҷамъ ва дар фаъолияти эҷодӣ дастовардҳои беназир таманно дорам.


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор