Хабарҳо
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.08.2018 09:58
Имсол Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро 50 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд - 15.08.2018 08:53
НОМА БА МУХИДДИН КАБИРИ – “КОВАИ ТОЧИКИ” - 14.08.2018 22:47
21 август дар Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил мегардад - 14.08.2018 16:18
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст дар шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:50
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 14.08.2018 15:48
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 14.08.2018 15:46
Хуҷанд: Оғози ярмарка-фурӯши лавозимот ва либоси ягонаи мактабӣ - 14.08.2018 13:51
Бунёди бинои нави Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд оғоз ёфт - 14.08.2018 13:32
Иштироки ноҳияи Мастчоҳ дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ - 14.08.2018 09:48

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Муҳтарам аҳли қалам!

Дар шароити муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои таҷассуми таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фазои маърифативу фарҳангӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзи манофеи миллӣ ба таври барҷаста ошкор мегардад. Моҳият ва нақши созандаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, пеш аз ҳама ба нуфузи рўзафзуни иттилоот ва фарох гардидани ҷаҳони иттилоотӣ пайванд мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”.

Маҳз таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома ва воситаҳои ахбори оммаи электронӣ фаъолияти пурсамари хешро дар таъмини фазои иттиолоотии мамлакат равона намуда, сокинони мамлакатро  саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ошно гардонанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маҳсули эҷоди рӯзноманигорон арҷ мегузорад ва барои ҳалли масоили мубрами ҷомеа аз он истифода менамояд. Имсол, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, итминони комил дорам, ки кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла табиати дилфиреб, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангии Суғди куҳан, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои самтҳои мухталифи хоҷагии халқ, таҳлилу баррасии мушкилоту муаммо ва роҳҳои ҳалли онҳо саҳми назарраси худро гузошта, барои пешрафти рўзгори ҷомеа ва ҳаёти мардум хизмат менамоянд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар рўзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро ба муносибати фаро расидани Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику таҳният гуфта, барояшон  саломативу сарбаландӣ, садоқат ба қалам, андешаҳои дурпарвоз, илҳоми саршор ва таълифи осори мондагорро таманно мекунам.

Ид муборак, аҳли қалами вилоят!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот