Хабарҳо
Иран может повторить судьбу ливийского лидера Каддафи - 16.01.2019 17:19
Маросими муаррифии муовини Раиси вилоят - 16.01.2019 16:41
Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 16.01.2019 14:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ҶДММ “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” Вен Ю Дао - 15.01.2019 16:26
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 16.01.2019 10:29
Раиси вилоят бо лоиҳаи бино ва иншоотҳои дар ҳудуди шаҳри Истаравшан сохташаванда шинос шуд - 15.01.2019 16:22
Ифтитоҳи корхонаи ордбарории ҶДММ “Тоҷикистон” дар Истаравшан - 15.01.2019 16:24
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990» - 16.01.2019 08:42
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, №990 - 16.01.2019 08:40
Дар Истаравшан бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва маркази хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт - 15.01.2019 16:19

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар

( 0 Овоз )

Модарону хоҳарони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи моро бузургиву шаҳомат, наҷобату шарофат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар ба ҳам овардааст, модарону бонувони иззатманди вилоятро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон – Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати Модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши Модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату сарбаланди мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар фармудаанд:

“Модар гаҳвораву оламро ба ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”.

Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист.

Маҳз Модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву некӯкориро мекорад, то насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.

Даврони истиқлолият занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид, таваҷҷӯҳ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт. Давлат пуштибони зан ва зан такягоҳи давлат шуд. Қабул шудани барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занон, танзими оила ва масоили демографӣ дар ҳаёти ҷомеа ва занон таҳаввулоти амиқ ба амал оварданд.

Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати иҷтимоии худро амиқу дуруст дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони огоҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми занону модарон, бонувони вилоятро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ ва худогоҳу худшинос комёбиҳо орзу менамоям.

Ид муборак, модарону хоҳарони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар