Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42
“Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал” – таҳти ин унвон бо иштироки мутахассисон мизи гирд доир гардид - 12.11.2019 15:53
Ғолибони озмуни “Деҳаи ман”, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, муайян гардиданд - 12.11.2019 15:28
Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд - 12.11.2019 15:25
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - 12.11.2019 13:51
Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон - 12.11.2019 13:27
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45

Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Бисту панҷ сол қабл, 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ – таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид.

Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодааст.

Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ – техникии ҷузъу томҳои дар вилояти Суғд будаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Дар зарфи бисту панҷ сол Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан - Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.

Ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, аъзои оилаҳои онҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори бисту панҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон