Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд - 28.05.2020 19:10
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» дар ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:06
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:03
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон - 28.05.2020 11:00
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Зафаробод - 28.05.2020 16:28
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

( 0 Овоз )

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти ҶумҳурииҚирғизистон Сооронбой Жеенбеков, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,

Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати санаи муборак — ҷашни 25-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.

Муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Қирғизистон, ки решаҳои чандинасраи таърихӣ доранд, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад.

Тайи давраи сипаришуда ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамдастиашон дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Ин омил имкон дод, ки заминаи ҷиддии таъмиқи муносибатҳои шарикии судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон фароҳам оварда шавад.

Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат такони тоза бахшида, сатҳи онҳоро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони мо ба зинаҳои нави баландтар хоҳад бурд.

Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, тансиҳатии комил, саодатмандӣ ва ба манзури шукуфоии Қирғизистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муайяншудаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу амонӣ ва рафоҳат орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба унвони ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати  таҷлили 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тайи чоряк асре, ки аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипарӣ шудааст, ҳамкории Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси усули эҳтироми мутақобила,  ҳамҷавории нек, риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни мардумони мо таҳким ва густариш ёфтаанд.

Миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон муносиботи пойдор роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси ҳамдастӣ дар самтҳои мухталиф андӯхта шудааст. Мо ҳамчунин дар чорчӯби ИДМ, СММ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкории фаъол дорем.

Изҳори итминон менамоям, ки таҷрибаи хуби ҳамкории дуҷонибаи мо бар манфиати мардумони давлатҳои мо ва ба хотири таҳкими суботу амният дар минтақа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии комилу комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рифоҳ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков