Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42
“Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал” – таҳти ин унвон бо иштироки мутахассисон мизи гирд доир гардид - 12.11.2019 15:53
Ғолибони озмуни “Деҳаи ман”, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, муайян гардиданд - 12.11.2019 15:28
Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд - 12.11.2019 15:25
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - 12.11.2019 13:51
Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон - 12.11.2019 13:27
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Меҳргон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Чун анъана ҳар сол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” иди ниёгонамон Меҳргон якшанбеи сеюми моҳи октябр дар қаламрави вилоят ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯзу Сада аз куҳантарин идҳои машҳури халқи тоҷик аст. Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба шуғлу рӯзгори деҳқонон марбут мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардид.

Чунонку Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешуд. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро меҳр гузоштаанд”. Аз ин рӯ, рӯзи меҳр ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ғамхориву пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамарӯза дарк намуда, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона меҳнат намуда, ҳамасола афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин карда истодаанд.

Боиси қаноатмандист, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят бо масъулияти баланду эҳсоси ватандӯстӣ дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ва маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, маводҳои ниёзи мардумро пешниҳод менамоянд ва бо ин амали неку хайрхоҳонаи хеш ба хонадони ҳазорҳо сокинони вилоят шодиву нишот зам карда истодаанд.

Кишоварзони вилоятро бо иди Меҳргон табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон тансиҳатию хонаободӣ, бурдборию комронӣ, хирмани пурбор ва дастовардҳои баланди меҳнатӣ таманно менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Меҳргон