Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуданд - 13.11.2019 10:23
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуданд - 12.11.2019 16:42
“Нақши ҳукумати электронӣ дар рушди маҳал” – таҳти ин унвон бо иштироки мутахассисон мизи гирд доир гардид - 12.11.2019 15:53
Ғолибони озмуни “Деҳаи ман”, ки бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд, муайян гардиданд - 12.11.2019 15:28
Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд - 12.11.2019 15:25
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ - 12.11.2019 13:51
Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон - 12.11.2019 13:27
Оғози мумфаршкунии роҳи​ маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд - 11.11.2019 19:39
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле - 09.11.2019 09:50
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия - 09.11.2019 09:45

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи соҳибкорон

( 0 Овоз )

Соҳибкорони гиромӣ,

Таҷлили Рӯзи соҳибкорон дар вилоят дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастовардҳои назарраси меҳнатии аҳли ҷомеа, бахусус соҳибкорон, ки ба сӯи ояндаи нек қадамҳои боэътимод мегузоранд, қайд карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори соҳибкориро ҳамчун кафолати боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири буҳрони молиявӣ шуморида, мақом ва рисолати соҳибкоронро дар ҳаёти давлату ҷамъият пайваста таъкид ва онҳоро ба густариши созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.

Боиси таъкид аст, ки бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои муҳим, аз ҷумла соли равон 32 адад корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ин раванд “Барномаи дастгирии  давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №740 тасдиқ шудааст, дар вилоят муттасил амалӣ гардида, дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҳбарияти вилоят бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҳар иқдоми нек ва ташаббуси созандагии соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо шароити заруриро муҳайё менамояд.

Итминони комил дорам, ки бо азму талоши соҳибкорони ватандӯсту меҳанпараст истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол ба сол афзун гардида, боиси боз ҳам таҳким ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад.

Ҳамаи соҳибкорони вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ таманно менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи соҳибкорон