Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари мо ҳар сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Зеро забон ҳамчун воситаи муътамади омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муассир дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Хеле рамзист, ки имсол ин ҷашн ба таҷлили яке аз санаҳои фархундаи таърихи миллат – 25 – солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба пешинаи таърихӣ ва мақоми забони тоҷикӣ барҳақ таъкид намудаанд: “Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад”.

Ин нукта баёнгари он аст, ки нуфуз ва иқтидори ин забон дар асрҳои миёна на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсату давлатдорӣ низ муассир будааст.

Дар замони муосир маҳз бо шарофати Истиқлолият масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон раванди тоза касб намуда, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Зеро, маҳз забони модариамон тамаддун, фарҳанг, таърихи бою рангин, сарвати гаронсанги адабию бадеӣ ва ахлоқӣ, анъана, расму оин ва суннатҳоеро, ки баёнгари махсусиятҳои халқи тоҷик ҳастанд, дар худ маҳфуз доштааст.

Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ҷиҳати покиза ва беолоиш ҳифз намудани ин ганҷинаи миллат саъю талош намуда, ба ин восита мероси гаронбаҳои маънавии гузаштагони пурифтихорро ба ояндагон интиқол диҳад. Гиромидошт ва эҳтироми забони модарӣ рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пайваста талош варзида, ҷиҳати рушду такмили он тадбирҳои муассирро роҳандозӣ менамояд.

Таҷлили Рӯзи забони тоҷикиро ба мардуми шарафманди вилоят ва кулли ҳамватанон самимона таҳният гуфта, таманно мекунам, ки он ҳамеша пайвандгари дилҳо ва муаррифи дастовардҳои тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳон бошад.


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забон