Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон

( 0 Овоз )

Ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки иди садоқат ва меҳрубонист, табрику муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагӣ орзу менамоям.

Боиси хурсандист, ки имсол таҷлили ин иди суннатии аҷдодонамон дар остонаи таҷлили санаҳои муҳими таърихии 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз имрӯзҳо наздик 1600 нафар шаҳрвандони вилоят ба маконҳои муқаддас сафар намуда, яке аз рукнҳои муҳими дини мубини ислом – маросими ҳаҷро ба ҷо оварда истодаанд. Умедворем, ки онҳо баъди адои маносики ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, барои баланд бардоштани одобу ахлоқ ва рафтору гуфтори ҳамида, тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши арзанда мегузоранд.

Шоистаи таъкид аст, ки Иди Қурбон ба рукни панҷуми дини мубини ислом иртибот дошта, ҳамасола дар арафаи ҳаҷҷи акбар баргузор мегардад. Дар ин айём дили касеро ба даст овардан, нисбат ба мискинону муҳтоҷон, бахусус ятимону бепарасторон ва беморону пиронсолон дасти меҳрубонию навозиш кушодан ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намуда, ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат хайру саховат намудан аз амалҳои неку савоб ва фазилатҳои нек маҳсуб меёбад.

Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Яке аз ҳикматҳои муҳимтарини ин анъанаи неки динӣ иттиҳоду ҳамбастагии мусулмонон тавассути кӯмак ба ҳамдигар ва гирифтани дасти эҳтиёҷмандону ятимон ва барҷомондагон аст”.

Дар баробари ин, ҳар кадоми мо вазифадор ҳастем, ки дар анҷоми амалҳои нек бо назардошти ҳимояи манфиатҳои молии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги маъракаороӣ ба исрофкорию зиёдаравӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ роҳ надода, ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” талош варзем.

Итминони комил дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша барои анҷом додани рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандияшон ба таври доимӣ кӯшиш менамоянд, зеро инсонҳо танҳо бо дастгирии якдигар саодатманд шуда метавонанд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар, Иди саиди Қурбонро ба мардуми кишвар табрику таҳният намуда, ба кулли сокинони вилоят хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгор таманно менамоям.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон