Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ангиштканон

( 0 Овоз )

Дар кишвар ҳамасола якшанбеи охирини моҳи август чун Рӯз ангиштаканон бошукуҳ таҷлил мегардад. Кулли кормандони соҳаро ба ин муносибат табрику муборакбод менамоям.

Дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардидани иди касбии ангиштканон аз онҳо масъулияти баландро тақозо менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки ангишканони вилоят аз коргари оддӣ то роҳбарият бо дарки баланди масъулият баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои истеҳсолиро сол то сол афзун менамоянд.

Дар бахши энергетикаи кишвар аҳамияти ангишт хеле калон буда, рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус, дар фасли тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншоотҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ басо муҳим аст. Маҳз бо кӯшишу ғайрат ва талошу заҳматҳои пайвастаи ангиштканон ин мушкилот саривақт паси сар карда мешавад.

Ҷолиби қайд аст, ки дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ Корхонаи фаръии “Фон-Яғноб”, Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ангишт”, ҶДММ "Комбинати металлургии Тоҷикистон”   ва ҶММ “Талко ресурс” истихроҷи ангиштро ба 608,7 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 105,2 ҳазор тонна зиёд намуданд, ки боиси зикр аст.

Итминони комил дорам, ки ангиштканони вилоят минбаъд низ аз уҳдаи вазифаҳои хизматиашон бо сарбаландӣ мебароянд ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш саҳми шоиста мегузоранд.

Бо чунин таманноҳои нек ба кормандони соҳаи истихроҷи ангишти вилоят саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои беназир таманно дорам.

Идатон муборак, ангиштканони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ангиштканон