Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб

( 0 Овоз )

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ботантана таҷлил мегардад. Хушбахтона, соли равон ин сана ба солгарди ҷашни фархундаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омад.

Боиси зикр аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино алоқамандии бевосита дорад. Осори гаронбаҳои ин олими номвари тоҷик дар тамоми сайёра ҳамчун ганҷи бебаҳои илм пазируфта шуда, ҳамчун роҳнамои фаъолияти кормандони соҳаи тиб хизмат мекунад.

Кормандони муассисаҳои тиббии вилоят ин рӯзи воқеан таърихиро дар соли барои халқу миллат фаромӯшнопазир бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ, ниятҳои нек ва руҳбаландии самимӣ таҷлил менамоянд. Онҳо баҳри беҳтар кардани сифати хизмати тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ меҳнати шоёни таҳсинро ба ҷо оварда, бо дастони шифобахш ва суханони нек ба мизоҷон тансиҳатӣ ва дарозумрӣ ҳадя менамоянд.

Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мақому манзалати табибон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ баланд бардошта шавад.

Боиси зикр аст, ки кормандони соҳа, ки ворисони арзандаи гузаштагони пурифтихори худ мебошанд, бо осору истеъдоди фитриашон дар Тоҷикистон ва берун аз он эътироф шудаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят дастовардҳои хешро муттасил афзун намуда, баҳри солимии ҳар сокини диёр ва ояндаи неки ӯ хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд.

Бо ҳамин таманниёт табибони ҳозиқро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, дар ҳаёти шахсӣ бахту саодат, файзи рӯзгор ва дар анҷоми рисолати инсондӯстона комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб