Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи металлургҳо

( 0 Овоз )

Ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи июл дар кишварамон Рӯзи металлургҳо таҷлил мегардад.

Воқеан, соҳаи металлургия дар рушди иқтисодӣ ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат нақши муҳимро доро мебошад.

Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳсор ва дорои сарватҳои фаровони зеризаминӣ мебошад, таъмини мустақилияти иқтисодӣ, инкишофи муваффақиятноки соҳаҳои иҷтимоӣ ва сатҳи баландии зиндагии аҳолии он бе рушду нумӯи саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз имкон берун мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тараққӣ ва ривоҷу равнақи соҳаи саноат, аз ҷумла металлургия диққату эътибори доимӣ зоҳир менамоянд.

Давоми солҳои охир бунёд гардидани корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар ноҳияи Спитамен, коргоҳи нави истеҳсолӣ оид ба тӯдаи ишқорронии маъдани ҶМ ТКММ “Апрелевка”-и шаҳри Гулистон идомаи мантиқии ин раванди созанда буда, барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Имрӯзҳо дар вилоят сохтмони комбинати металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо иқтидори 50 ҳазор тонна сурб ва 50 ҳазор тонна руҳ бо 1300 ҷойи корӣ бомаром идома дорад.

Бояд қайд кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2017 аз 4,3 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда, зиёда аз 2,3 млрд сомонӣ ё худ 53,5 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят маҳз дар ҳамин соҳа тавлид шудааст. Кормандони соҳа тавонистанд, ки суръати рушди истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 129 фоиз таъмин намоянд.

Ҳамин тариқ, соҳаи металлургияи ранга дар иқтисодиёти вилоят ба соҳаи фоиданок ва аз ҷиҳати инвеститсионӣ ҷолиб табдил ёфта, кормандони соҳа ҷиҳати дарёфти мақоми шоиста софдилона меҳнат намуда истодаанд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи металлургияи вилоят баҳри амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта, қувва, матонат ва таҷрибаву малакаи худро дар ин самт равона хоҳанд кард.

Ҳамаи кормандони соҳаро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи металлургҳо