Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ

( 1 Овоз )

Фарорасии ҷашни ҳумоюни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллиро ба ҳамватанон самимона таҳният гуфта, барояшон саодати рўзгор, сарбаландӣ, комгориву тавфиқ таманно мекунам.

Ваҳдати миллӣ асоси соҳибихтиёрии халқ буда, дар баробари Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу амният ва тамомияти арзии кишвар, аз ҷумлаи арзишҳои тақдирсози давлатдории мо маҳсуб мешавад.

Дар эҳёи сулҳи тоҷикон, бунёд ва ташаккули давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, зеро талошҳои пайвастаи Пешвои миллат неъмати сулҳу ваҳдати комилро барои мардуми тоҷик эҳдо намуданд.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғози марҳалаи воқеии таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эътироф гардидааст, ки беҳикмат нест. Дар робита ба пайванди ин ду рўйдоди нодири таърихи навини Тоҷикистон Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерўи тоза ва тақвият мебахшанд».

Боиси ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоят ва ғамхориҳои рўзафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилоят чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар таҳкими сулҳу Ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, ташаккули ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ талош варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ имсол дар остонаи ҷашни бошукўҳи 25-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ба ин муносибат, қарорҳои Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 120 рўзи ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ» ва «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи вилоятии «Маҳаллаи беҳтарин» бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон ба тасвиб расида, имкон фароҳам меоваранд, ки дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ шарафёб гардем.

Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят бо шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ бобати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани 25-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон омодагӣ гирифта, ташаббускори иқдомҳои созанда хоҳанд буд.

Бо ҳамин таманниёт ҳамаи сокинони вилоятро бори дигар бо Рўзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманно мекунам, ки дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон бо мадади рўҳи бузургони миллат сулҳу Ваҳдат, тинҷиву амонӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ поянда бошад.

Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ