Хабарҳо
Кабирї аз ислом даст кашид, аммо боз њам касе ба ў бовар накард (Ё чаро љамъомади нањзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Иди саиди Фитр

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно менамоям.

Шоистаи зикр аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми кишвар дар қатори кулли мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Фитрро ба таври шоиста ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, барҳақ, зикр намудаанд: «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомўзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурўтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад».

Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Иди саиди Фитр ба рўзҳое рост омад, ки мардуми шарифи вилоят дар арафаи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор доранд.

Бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар кишварамон озодии виҷдон ва эътиқод таъмин буда, мардум ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои маънавӣ меоянд ва мусалмони асил дар ин макон ба ташвиқоту тарғиботи ақидаву андешаҳои ифротгароёна ва тундравона, намоишкорӣ, паҳншавии таассубу хурофот ва ихтилофу парокандагӣ байни ҷомеа асло роҳ намедиҳанд.

Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми вилоят чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу Ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, такмилёбии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Мардуми олиҳиммату саховатманди вилоятамон дар рўзи мубораки Иди Фитр ва минбаъд ҳам ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ рўй оварда, ба ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ намедоранд.

Умед ба он дорам, ки бо ҳиммати баланду меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатқарин Ватани азизамон – Тоҷикистон боз ҳам ободу шукуфотар хоҳад шуд.

Бори дигар Иди саиди Фитрро ба мардуми кишвар муборакбод гуфта, барои ҳамаи мусулмонон хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рўзгорро орзу менамоям.

Бигзор сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рўзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Иди саиди Фитр