Хабарҳо
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07
Дар семоҳаи аввали соли 2018 дар ноҳияи Ашт 2 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд - 19.04.2018 14:06
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Спитамен ба 84 миллиону 303 ҳазор сомонӣ баробар шуд - 19.04.2018 14:04
Бахтиёр Аҳмадзода муовини раиси ноҳияи Спитамен таъин шуд - 19.04.2018 14:02
Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2018 - 19.04.2018 11:36
Ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 9,2 млн. доллари ИМА сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб гардид - 19.04.2018 09:07

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

( 1 Овоз )

Ҳар сол рӯзи якуми июн дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ботантана таҷлил карда мешавад. Ин санаи фархундаро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлӣ таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҷомеа ҳисобида, таъкид медоранд: “Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд”.

Ба шарофати истиқлол дар кишвар пешрафти соҳаи маориф равшан ба назар расида, наслҳои ҷавон зери осмони софу беғубор саодати зиндагӣ доранд.

Таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад.

Солҳои охир дар қаламрави вилоят чандин мактаб-интернатҳои нав бунёд гардида, хонаҳои ятимону маъюбон аз таъмир бароварда шуданд. Таҳти сарпарастӣ қарор гирифтани муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-парваришгоҳҳо имконият фароҳам овард, ки сатҳи таълиму тарбия ва шароити зиндагии кӯдакон рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Имрӯз фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ва доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданиву маърифатӣ ифодагари он аст, ки насли ояндасоз дар партави ғамхории калонсолон ва масъулони соҳа қарор доранд.

Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон сокинони вилоят, омӯзгорону мураббиён ва гулғунчаҳои боғи ҳаёт – кӯдаконро самимона табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша саломату сарбаланд ва номбардори Ватани хеш бошанд.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон