Хабарҳо
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст - 19.01.2018 12:50
Ба озмуни «Техникони наврас» беш аз 230 ихтироот ва маҳсули эҷоди хонандагон пешниҳод шуд - 19.01.2018 11:31
Рӯзҳои 20 ва 21 январ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад - 19.01.2018 08:41
Нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, тасдиқ гардид - 18.01.2018 22:11
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.01.2018 19:37
Дар Конибодом ситод оид ба назорати раванди яхобмонӣ таъсис дода шуд - 18.01.2018 09:12
Хонандагон дар таътили зимистона ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб шуданд - 18.01.2018 09:07
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи кимиёгарон

( 0 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола якшанбеи охири моҳи май таҷлил намудани иди касбии кормандони соҳаи саноати кимиё ба анъанаи нек даромада, кимиёгарони вилоят ин санаро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Соли равон Рўзи кимиёгарон дар остонаи ҷашни фархундаи миллат – 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Аз ин хотир, ҳар кору пайкоре, ки мову шумо дар ин рўз-ҳо ба анҷом мерасонем, бояд ба пеш- вози шоиставу сазовори ин санаи тақдирсози миллат амалӣ карда шавад.

Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, соҳаи саноати кимиё аз соҳаҳои ниҳоят муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, нақши он дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар назаррас мебошад.

Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи саноати кимиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Боиси ифтихор аст, ки кимиёгарони вилоят бо фаъолияти софдилонаи худ бобати раҳоӣ ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди соҳаи энергетикаи мамлакат саҳми хоса гузошта истодаанд.

Солҳои охир дар корхонаҳои соҳаи саноати кимиёи вилоят истеҳсоли даҳҳо намуди нави маҳсулот, аз ҷумла, сурмаю руҳ, рангу шишаи моеъ, плёнкаҳои полиэтиленӣ, нуриҳои минералӣ, қубурҳои пластикӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки иди касбии худро кормандони соҳа бо ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таҷлил мекунанд, ки ин тадбирҳо таҷассумгари ҷонибдорӣ ва амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.

Итминони комил дорам, ки кимиёгарони вилоят минбаъд низ анъанаҳои неки устодони соҳаро идома дода, баҳри ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон хизмати софдилона менамоянд. Кулли кимиёгарони вилоят-ро бо иди касбиашон муборакбод намуда, барояшон саломативу сарбаландӣ ва комёбиҳои беназир таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи кимиёгарон