Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба ҷавонони саодатманди вилоят сидқан табрику муборакбод гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, иқболи баланд ва дар амалӣ намудани мақсаду ниятҳои нек мувафаққиятҳои шоистаро таманно дорам.

Ин санаи фархундаро ҷавонони мамлакат бо рӯҳияи болидаву дили пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану миллат дар арафаи ҷашни мубораку муқаддаси 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ сарбаландона таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар нисбат ба Ватан ва арзишҳои он нишон медиҳанд.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда, вобаста ба рисолати ҷавонон таъкид намудаанд:

“Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Барои рушди иҷтимоии ҷавонон, фаъолгардонии ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, дастгирии моддиву маънавии онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат пайваста тадбирҳои муассир андешида мешавад. Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонони боистеъдод стипендияҳо ва грантҳои Раиси вилоятро барои донишҷӯён, магистарантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ҳунармандон, адибон, эҷодкорон ва варзишгарони ҷавони муваффақ муқаррар намуда, барои истироҳати наврасону ҷавонони пешқадам дар лагерҳои маърифатӣ-фароғатӣ шароитҳои муосир фароҳам меорад.

Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шумо ҷавонони кишвар бояд пайваста кӯшиш намоед, ки рисолати бузурги созандагиву офарандагии худро боз ҳам амиқтар дарк намуда, дар рушди бомароми давлати соҳибистиқлоламон саҳми шоиста гузоред.

Тоҷикистони имрӯз ба нерӯи ақлонӣ ва зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба Шумо вобастагии қавӣ дорад.

Итминони комил дорам, ки Шумо чун фарзандони асили Ватан барои пешрафти Тоҷикистони азизамон, татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ барои ҳар як фард нигаронида шудааст, саҳми босазои хешро мегузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо насли ояндасози Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон бахту иқбол, шукуфоӣ ва дар таҳсилу корҳои созандагии Ватани маҳбубамон пирӯзиву комгориро таманно менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон