Хабарҳо
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарони шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12
«Национальный Альянс» так называемой Таджикской оппозиции создан для войны. так считает политолог, доктор философских наук Рустам Хайдаров - 21.09.2018 22:18
Машқҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористӣ ҷамъбаст гардид - 21.09.2018 15:43
Вокуниш ба суханронии Нуриддин Ризоӣ дар нишасти САҲА - 21.09.2018 11:19
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео) - 21.09.2018 11:17
АСОСИ БАҚО ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ - 21.09.2018 10:06
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба вилояти Суғд ташриф овард - 21.09.2018 09:10
85-умин мавсими ҳунарнамоии театр бо пешниҳоди намоишномаи «Исёни арӯсон» оғоз ёфт - 20.09.2018 15:35
Оғози бунёди нуҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе - 20.09.2018 14:35
Дар Мастчоҳ даври ноҳиявии Фестивал - озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд - 2018” доир шуд - 20.09.2018 11:49

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Шашмақом

( 0 Овоз )

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аҳли ҳунару санъатро бо Рӯзи Шашмақом сидқан табрик ва муборакбод намуда, саломатӣ, барори кор фатҳи қуллаҳои баланди эҷодиро таманно менамоям.

Дар хазинаи мадании мусиқии халқи тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, санъати шашмақом қиматтарин дурри гаронбаҳо буда, онро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо  ғанӣ гардонидаанд.

Мардум номи ҳунармандони шинохта, санъаткоронеро, ки бо ҳунару маҳорати волои навозандагию сарояндагӣ ва офаринишу эҷод чун Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхон Ҳофиз, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Ҷӯрабек Набиеву Ҷӯрабек Муродов ва даҳҳо дигарон ба дилу дидаи ҳазорон-ҳазор мухлисон ҷой гирифта, арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллии санъати мусиқии классикии Шашмақомро дар арсаи олам маъмулу машҳур гардонидаанд, гиромӣ медоранд.

Санъати Шашмақом таҷассумгари фарҳанги миллат аст ва он барои ҳар як ҳофизи навхат ё баркамол мактаби бузурги омӯзишу камолот мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили минъбадаи анъанаҳои фарҳангии мусиқии халқи тоҷик, дар заминаи арзишҳои аслии санъати мақомхонӣ равнақ додани ҳисси зебоипарастии халқ фармони махсусро «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашамақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расониданд. Маҳз тавассути ин иқдом ҳамасола 12-уми май Рӯзи Шашмақом эълон карда шуда,  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз қабили Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Истаравшан ансамбл ва дастаҳои шашмақомхон ташкил карда шудаанд ва онҳо дар хизмати халқу ватананд.

Боварӣ дорам, ки ҳунармандони вилоят минбаъд низ анъанаҳои неки санъати шашмақомхониро идома дода, барои рушду нумӯи санъат ва ҳунар, тарбияву камолоти истеъдодҳои ҷавон талош хоҳанд варзид.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Шашмақом