Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хушбахатии оилавӣ, бахту саодати зиндагиро таманно менамоям.

Оила воҳиди муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, асоси онро ташкил мекунад. Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои инсон маҳз аз оила сарчашма мегирад. Бинобар ин, фазои оила бояд иборат аз меҳр ва муҳаббат, фидокорӣ ва гузашт, самимият ва гармӣ бошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба мақоми оила ва оиладорӣ  дар ташаккули ҷомеаи солим изҳори андеша карда, аз ҷумла таъкид намудаанд: “Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, омода кардани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.

Айни замон Ҳукумати кишвар барои давра ба давра беҳтаршавии вазъи иқтисодӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ, таъмини беҳдошти зиндагии мардум, аз ҷумла фароҳам овардани муҳити хуби иҷтимоии оилаҳои ҷавон тадбирҳо андешида, барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.

Дар ин раванд бо ибтикори Пешвои миллат дар вилоят шаҳраки Сайҳун бунёд гашта, 6002 оилаҳо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, баҳри ба шуғли доимӣ фаро гирифтани занону духтарон 225 марказҳои таълимӣ – истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ таъсис дода шуда, айни замон 2639 шогирдон нозукиҳои ин ҳунарро омӯхта истодаанд.

Итминони комил дорам, ки мардуми вилоят дар Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷиҳати пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии паёмадҳои никоҳи хешу таборӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва ободии Ватани азизамон саҳми бештар мегузоранд.

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон рӯзгори орому осоишта, хонадони обод, оилаи пойдор ва ҳаёти пурфайзу шукӯҳро таманно менамоям.


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила