Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба

( 0 Овоз )

Ҳамватонони азиз!

Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Соли равон мардуми шарафманди кишвар муқаддастарин дастоварди таърихи навини давлатдориамон 20-солагии Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Дар ин раванд ба ёд овардани корномаҳои ҷангии падарони қаҳрамон, ки дар воқеаи мудҳиштарини таърихи асри ХХ – Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, бо анҷом додани қаҳрамониҳои бемисли ватандӯстона дар таъмини ғалаба бар зидди истилогарони фашистӣ ҳисса гузоштанд, ниҳоят муҳим мебошад.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба барои инсонҳои ватандӯст ва сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мегардад, ки он тантанаи адолату шуҷоат бар ҷаҳлу зулмат, пирӯзии некӣ бар бадӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамасола мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол чун тамоми мардуми тараққипарвари ҷаҳон Рӯзи Ғалабаро бо ифтихор ва арҷгузориву қадрдонӣ аз ҷоннисориҳои фарзандони худ таҷлил намуда, хотираи неки сарбозону афсароне, ки дар майдонҳои набард қаҳрамонона ба ҳалокат расидаанд, гиромӣ медоранд.

Дар таъмини Ғалабаи бузург саҳми халқи тоҷик дар ақибгоҳ низ калон буда, корномаи меҳнатии онҳо чун мактаби ибратомӯзию баҳрабардорӣ дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадӣ сабт гардидааст.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:

«Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад».

Дар шароити таҳаввулоти босуръат ва мураккаби ҷаҳони муосир, ки қувваҳои муайян бо истифода аз амалҳои террористиву ифротгароӣ кӯшиш доранд вазъи дохилии давлатҳои мустақилро халалдор созанд, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо карда, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳар фарди ватандӯст талаб менамояд, ки аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос ва ба миллату Ватани худ вафодор бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат, ба табобату истироҳат фаро гирифтан, аёдат ва  ғамхории ҳамешагӣ зоҳир намудан дар ҳақи онҳоро, ки  намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва ибрати наслҳои ҷавони миллат ҳастанд, аз вазифаҳои муҳими худ меҳисобад.

Падарони қаҳрамон чун кӯҳ устувор ва чун офтоб равшанибахши зиндагии моянд. Бо эҳтирому арҷгузорӣ  иштирокчиён, собиқадорони  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кулли мардуми вилоятро бо фарорасии 72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сулҳу осоиш, сиҳатмандии бардавом ва хотири ҷамъ таманно менамоям.

Ҷашни Ғалаба муборак ҳамватанони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба