Хабарҳо
Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд - 23.05.2017 15:07
Баргузории Фестивал - озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» - 23.05.2017 13:38
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон - 23.05.2017 10:04
Суғд: Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 23.05.2017 09:56
Дар ноҳияи Мастчоҳ 38 ҳазор ҷавонон кору зиндагӣ доранд - 22.05.2017 10:38
“Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” – таҳти чунин унвон дар Ашт марафони велосипедронӣ доир шуд - 22.05.2017 10:35
Хуҷанд: Иштироки беш аз 500 нафар сокинон дар веломарафон - 22.05.2017 10:32
Баргузории чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 22.05.2017 10:28
Баргузории Фестивал-озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"/АКСҲО/ - 22.05.2017 08:52
Иштироки беш аз 84 000 нафар сокинони вилояти Суғд дар чорабинии варзишии Рӯзи Дави миллӣ - 22.05.2017 08:32

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа

( 0 Овоз )

Ҳамасола санаи 7 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад, ки ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод мегӯям.

Асри ХХI асри татбиқи васеи технологияиҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ буда, рушди босуръати соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бе истифодаи самараноки онҳо ғайриимкон аст. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки омӯзиши технологияиҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шавад. Зеро, ин тадбир имконият фароҳам меорад, ки мо бо дастовардҳои илми муосир ошноӣ пайдо намуда, рушди кишвари азизамонро таъмин намоем.

Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳа бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву меҳанпарастӣ ва истифода аз имкониятҳои моддиву зеҳнии мавҷуда баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Мавриди истифода қарор додани хатти интиқоли нахию нурӣ имконият фароҳам овард, ки сокинони вилоят ҳамарӯза аз шабакаҳои интернетии босуръат ва сифатнок истифода намоянд.

Дар замони муосир фазои иттилоотӣ чун воситаи муҳими тарғиби сиёсати Ҳукумати кишвар, тамаддун ва фарҳанги миллӣ аз аҳамияти зиёд бархурдор буда, мутахассисон дар баробари омӯзиш ва такмили истеъдоди касбӣ бо таҳияи барномаҳои ҷолибу фарогири масоили рӯз дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, вазифаҳои ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро менамоянд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳа аз муваффақиятҳои ба даст омада қонеъ нагардида, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ,  дар ободию шукуфоии кишвари азизамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд.

Бори дигар кормандони соҳаро ба фарорасии Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи кору фаъолият ба онҳо тансиҳатӣ, ободии рӯзгор ва осмони софу муваффақиятҳои беназир таманно мекунам.

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа