Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти андоз

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Имсол мардуми шарафманди кишварамон 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бистумин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ – муқаддастарин дастовардҳои таърихи навини худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рўҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки дар даврони Истиқлолият таъсисёбӣ ва ташаккули низоми муосири андози ҷумҳурӣ бо номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дошта, таҳти роҳнамоияшон ин соҳа рушду инкишоф ёфта, фаъолияти босамари худро амалӣ менамояд.

Дар ибтидо низоми миллӣ ва тозабунёди мақомоти андози ҷумҳурӣ соли 1990 дар заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилии собиқ Раёсати даромадҳои давлатӣ ва андозҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис гардида, соли 1992 зери тобеъияти бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарраёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар раванди ислоҳоти минбаъдаи сохтори давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми майи соли 1995, №221 ҳамчун Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфт. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосҳои мақомоти андоз» қадами устуворе дар такмил додани фаъолияти мақомоти андоз гардид. Бо он системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нисбатан мукаммал дароварда шуд.

Зиёдшавии ҳаҷми воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ сарчашмаи асосии пешравии соҳаҳои хоҷагӣ, таъминоти маошу нафақа, ободонии кишвар, баланд гардидани сатҳи зиндагонӣ ва некўаҳволии мардум аст. Дар ин раванд, агар ба иҷроиши нақша ва ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ назар афканем, соли 1992 ҳаҷми воридоти андозҳо дар вилояти Суғд дар маҷмўъ 638,8 ҳазор сомонӣ бошад, дар соли 2016 ба 1,9 млрд. сомонӣ баробар гардид.

Дар ин музаффарият ва кори некў заҳмату талошҳои ҳамарўзаи кулли кормандони мақомоти андози вилоят ва дастгирии бевоситаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назаррас аст. Боиси тазаккур аст, ки кормандони мақомоти андози вилояти Суғд дар рўзи таҷлили иди касбӣ саъю кўшиш намуда, нақшаи қисми даромади буҷети давлатиро дар чор моҳи соли 2017 пурраю барзиёд иҷро карданд, ки ин ҳам дастовези арзанда ба ҷашн мебошад.

Бо итминони комил Рўзи кормандони мақомоти андозро ба кормандону алоқамандони соҳа ва кулли андозсупорандагон муборакбод гуфта, таманно дорам, ки ҳамеша тансиҳату сарбаланд ва комёбу зафарманд бошанд.

Иди касбӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти андоз