Хабарҳо
Заметки по поводу конференции Исламской партии Таджикистана в Дортмунде - 20.07.2018 23:23
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон! - 20.07.2018 15:42
Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 - 20.07.2018 15:22
Мулоқоти Маҳмадсаид Шоҳиён бо фаъолони шаҳри Бӯстон - 20.07.2018 13:30
ТӮЙЕ, КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ (Қайдҳо дар бораи конфронси ТТЭ наҳзати ислом дар Дортмунд) - 20.07.2018 11:34
Варзишгарони вилояти Суғд дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори 14 медали тилло, 10 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд - 20.07.2018 10:28
Суғд: Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардид - 20.07.2018 10:09
Ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 20.07.2018 09:41
Оғози мумфаршкунии кӯчаи ба номи Усмон Қосимов ва гузоштани санги асос ба бунёди зеристгоҳи барқии "Темурмалик" дар шаҳри Хуҷанд - 19.07.2018 18:56
Вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 19.07.2018 15:33

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар тақвими кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 26 апрел Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ таҷлил карда мешавад.

ҳукумати кишвар ҳамасола ба рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар самти таълим, тайёр намудани кадрҳо, инчунин, иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба нақши моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонӣ, ҳифзи дастовардҳои таҳқиқоти илмӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд.

Бо мақсади истифодаи васеи дастовардҳои илмӣ дар ҷодаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ҳанӯз бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014, № 371 «Стратегияи рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» қабул гардида буд. Чунин иқдоми наҷиб заминаи ҳуқуқии инкишофи ин пешаи пурифтихорро дар шароити муосир фароҳам овард.

Бо баррасии амиқи нишондиҳандаҳои назарраси илмӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ аз ҷумла, чунин таъкид намуданд: «Дар панҷ соли оянда фаъолияти ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад».

Аз ин нуқтаи назар, моро зарур аст, ки бо эҳсоси муҳимияти рушди илмҳои бунёдӣ дар марҳалаи кунунӣ кору фаъолият барем ва дар истифодаи амалии ихтироъ ва навоварӣ дар истеҳсолоти ватанӣ кӯшиш намоем.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ