Хабарҳо
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49
Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» - 13.06.2018 13:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ашхсои ниёзмандро аёдат намуданд - 13.06.2018 13:39
Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд - 13.06.2018 13:37

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

( 0 Овоз )

Мӯҳтарам аҳли зиё, устодон, олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни азиз!

Илму дониш чароғи равшани роҳи башарият ва аҳли илм нерӯи қавии зеҳниву ахлоқии ҷомеа мебошанд, ки инсониятро ҳамеша ба роҳи рост ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозанд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол таваҷҷӯҳ ба соҳаи илм бештар гардида, баҳри ташаккул ва равнақи таҳқиқоти илмӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Пӯшида нест, ки рушди босуръати илму техника моро ба муҳити комилан нави муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ ворид менамояд. Дар ин раванд моро зарур аст, ки ба тарғиби бузургтарин дастовардихалқамон – истиқлолияту озодӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзи содиқона ва қотеонаи манфиатҳои миллию давлатӣ саҳмгузор бошем.

Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри дастовардҳои беназири илмию техникӣ қарор дорад, аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани Соли ҷавонон барои ҷалб намудани насли ҷавон ба омӯзиш ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир, илму дониш, касбу ҳунар, муаррифии дастоварду ихтироот, маҳсули эҷодӣ ва ба ин васила  пешрафта гардонидани Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо бо истифода аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир тарбия намудани ҷавонони донишманду соҳибмаърифат мебошад, ки ояндаи давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд. Зарур аст, ки олимони вилоят нерӯи илмии хешро дар самти ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорию навоварӣ боз ҳам ҷоннок намуда, барои татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва инноватсиониву технологӣ дар истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳо андешанд. Зеро яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо дар давраи наздиктарин гузаштан аз давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ-аграрӣ ба ҳисоб меравад.

Итминони комил дорам, ки олимони вилоят ба омӯзиши муаммоҳои муосир ва кашфиёту ихтирооти ба истеҳсолот нигаронидашуда таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, инчунин дар самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, огоҳ намудани ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, таҳким бахшидани асолати миллӣ, забон ва фарҳанг, ки аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошанд, нақши мунир мегузоранд.

Иди касбӣ, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи илми тоҷик