Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор

( 0 Овоз )

Зиёиёни гиромӣ!

Шуморо бо Рӯзи зиёиёни эҷодкор, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иттифоқ афтодааст, самимона таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои эҷодӣ ва дар ҷодаи таҳкиму густариши илму маърифат комёбиҳои беназир таманно дорам.

Шумо зиёиён ҳамчун нуру рӯшноии ҷомеа тамоми мардумро ба сӯи арзишҳои олии маънавӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ ҳидоят менамоед.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «зиёиён вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд».

Маҳз ба шарофати аҳли зиё дар ҷомеа афкори созандаву бунёдкор, андешаҳои солиму инсонофар миёни мардум тарғибу ташвиқ гардида,  ҳосили он дар сурати  китобу рисола ва осори арзишманд арзи ҳастӣ менамояд.

Дар шароити ташаннуҷи авзои ҷаҳони муосир рисолати инсонгароии зиёиён боз ҳам вусъат меёбад, зеро интишори афкори ахлоқӣ ва рушди маънавиёти ҷомеа барои гирифтани пеши роҳи падидаҳои номатлуб ва мухталифи ифротӣ дар ҷомеа нақши муассир мегузорад.

Имрӯз вазифаи аҳли зиё тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолият, рушди илму маориф, тарбияву ҳидояти ҷомеа, бахусус насли ҷавон ба сӯи афкори пешқадам, офаридани арзишҳои мондагор ва тарбияи завқи зебоишиносии инсон мебошад.

Итминони комил дорам, ки Шумо дар роҳи ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии миллӣ ва арзишҳои солими дунявӣ ҷиҳати ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият саҳм мегузоред.

Бо чунин ниятҳои нек Рӯзи зиёиёни эҷодкор ва ҳамзамон фарорасии Наврӯзи байналмилалиро бароятон самимона таҳният гуфта, ба Шумо хушбахтии оилавӣ, хотири ҷамъ ва дар фаъолияти эҷодӣ дастовардҳои  беназир таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи зиёиёни эҷодкор