Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 28.06.2017 16:36
Aёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд дар шаҳри Бӯстон - 28.06.2017 09:04
Ашт. Барои мумфаршкунии роҳҳо 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 28.06.2017 09:03
Хуҷанд: Хонандагон аз оилаҳои ниёзманд ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 28.06.2017 09:01
Таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри Арбоб - 27.06.2017 21:10
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз

( 1 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Фарорасии гаронбаҳотарин мероси ниёгон-Иди байналмилалӣ ва бостонии Наврўзи Аҷамро, ки бо қадамҳои мубораки худ ба табиати кишварамон сарсабзию шукуфоӣ, ба хонадони мардум шодиву нишот ва файзу баракат меорад, бароятон табрику таҳният гуфта, рўзгори бонишот,  фатҳу кушоиш, хушбахтӣ ва иқболи нек таманно менамоям.

Наврўз дар худ муҳимтарин арзишҳои башариро ҷой дода, дар заминаи сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, таҳкимбахши ваҳдату ҳамдилӣ, рамзи расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона муаррифӣ гардид.

Талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи  Пешвои миллат дар бобати мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин мероси маънавӣ, эҳёи суннатҳои неки ниёгон, ҳифз ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ фарру шукӯҳи ҷашни Наврӯзи бостониро бамаротиб афзуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ягон давру замон ҳеҷ як   ҷаҳонбинӣ, дину мазҳаб, сиёсат ва нерўи ҳукмрон натавонист,   ин ҷашни мардумиро манъ намояд. Зеро Наврўз аз ибтидо бо некиву зебоӣ тавъам буда, маҳз бо ҳамин сифаташ дар дилу дидаи инсонҳо ҷой гирифтааст. Таҳқиқоти олимон собит намудааст, ки бисёр рамзҳо ва оинҳои наврўзӣ дар фарҳанги халқҳои ҳиндуаврупоӣ таъсири муайян гузоштааст, ки ин аз умумияти пайдоиши халқҳои мазкур ва умуман инсоният шаҳодат медиҳад.

Ҷашни Наврўз идомаи мубориза барои рушди фарҳанги миллӣ, ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ, пайвандгари дирўз, имрӯз ва оянда, нишони бузурги ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ маҳсуб мешавад.

Таҷлили шукўҳманди ҷашни Наврўз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосоямон корҳои созадагию ободониро вусъат бахшида, ҷиҳати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари маҳубамон бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Бори дигар, ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро бо фарорасии Наврўзи фархундапай табрику таҳният намуда, ба хонадони ҳар як сокини кишвар файзу баракат ва нусрату пирўзӣ орзу менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз