Хабарҳо
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ - 24.03.2017 10:33
Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат Исфара" дар шаҳри Исфара - 24.03.2017 10:24
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд - 24.03.2017 09:19
Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва иштирок дар базми наврӯзии 500 кӯдаки ятим - 23.03.2017 13:14

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Воситаҳои ахбори омма барои инъикоси таҳаввулоти азими иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ, саривақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин мақоми воситаҳои ахбори омма хеле бамаврид таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд”.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома, телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ фаъолияти пурсамар доранд ва сокинон саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа шинос мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо тамоми намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди соҳаҳои гуногун ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд. Ҳамасола баргузор шудани озмуни «Хомаи созанда» ва тақдири рўзноманигорон барои нигориши матолиби муҳим ва баррасии масоили доғи рўз аз воқеияти ин ҳамкориҳои босамар дарак медиҳад.

Итминони комил дорам, ки кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят минбаъд низ барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақоми кишвари азизамон Тоҷикистон, инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳои рӯзгори мардуми вилоят саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар кулли қаламкашони вилоятро ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон хонаи обод ва тансиҳативу хотирҷамъӣ, қалами бурро ва илҳоми саршор  таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот