Хабарҳо
Кабирї аз ислом даст кашид, аммо боз њам касе ба ў бовар накард (Ё чаро љамъомади нањзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Модар

( 0 Овоз )

Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ  ҳар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми бонувони иззатманди вилоятро  ба ифтихори ҷашни фархунади Рӯзи Модар  самимона табрик гуфта,  бароятон иқболи некӯ толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан – модар дар ҷомеа  мебошад. Ин рӯзи фархундаро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм пешвоз мегирем,  зеро Модар  - тарбиятгари насли башар, офарандаи нуру зебоӣ  ва покизагӣ ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати таҳкими мақому манзалати  Зан –модар тамоми тадбирҳоро андешида,  баҳри амалӣ гардидани он  мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ шароитҳои  мусоид фароҳам овардаанд.

Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои  гуногуни ҷаҳон   хираду заковат  ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат,  нигаҳдорандаи чароғи хонадон,  мурабии ғамхору меҳрубон  ва ҳидоятгари  некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат  арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии  кишвари азизамон  занону  бонувони саодатманди ҷумҳурӣ бо нерӯю қувваи тозаи созандагӣ  сарбаландона барои пешрафту  ободиии мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Ба эътирофи коршиносон Тоҷикистон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон  дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Боиси таъкид аст, ки Рӯзи Модар дар арафаи омодагӣ ба ҷашни бисёр қадимӣ ва  суннатии мардуми тоҷик  - Наврӯзи хуҷастапай таҷлил мегардад. Мардуми мо аз қадим ин ҷашни бузургро бо дили саршор аз меҳру муҳаббат  ва хонаву дари покиза истиқбол  мегирифтанд.

Итминони комил дорам, ки шумо занону модарони арҷманд суннатҳои  қадимаи миллиамонро идома бахшида, ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати иҷтимоии худро амиқ дарк мекунед, тарбияи фарзандони солеҳу хушахлоқ, соҳибмаърифату донишманд ва ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоред.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар  сидқан табрик гуфта,  ба хонадони ҳар яки Шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек  ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҷашни модар ва истиқболи баҳор муборак, модарону хоҳарони гиромӣ!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Модар